Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи 29-уми июл ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, Мулло Умар, пешвои Толибон соли 2013 мурдааст. Ин мақоми афғон ҷузъиёт надод, аммо бино ба гузориши Шабакаи аввали телевизионии Афғонистон, хабари кушта шудани Мулло Умарро, Покистон ба ҳукумати Афғонистон дода ва гуфтааст, ки пешвои Толибон кушта шудааст. Дар гузашта гузоришҳои зиёде дар бораи марги Мулло Умар нашр шуда буд, вале бори аввал аст, ки ҳукумати Афғонистон ин хабарро тасдиқ мекунад. Сухангӯёни Толибон ҳам дар гузашта марги Мулло Умарро рад кардаанд. Вале Фидоӣ Маҳоз, як шохаи Толибон, ки мухолифи мусолиҳа бо ҳукумати Афғонистон аст, ҳафтаи гузашта гуфт, ки Мулло Умар мурдааст ва муовинаш Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, ҷойгузини ӯ шудааст. Рӯзи 15-уми июл дар вебсайти расмии Толибон аз номи Мулло Умар баёнияеро нашр карданд, ки ӯ гӯё аз музокироти сулҳ байни Толибон ва ҳукумати Афғонистон ҳимоят мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG