Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Лашкари ҷангӣ ва писаронашро куштанд


Малик Исҳоқ ба қатли даҳҳо нафар ва ҳамкори бо Толибону Ал-қоида муттаҳам мешуд.

Малик Исҳоқ ба қатли даҳҳо нафар ва ҳамкори бо Толибону Ал-қоида муттаҳам мешуд.

Пулиси Покистон мегӯяд, дар даргирие дар рӯзи 29-уми июл Малик Исҳоқ, раҳбари гурӯҳи тундрави Лашкари ҷангӣ ва ду писарашро куштанд. Даргирӣ баъди он рух додааст, ки гурӯҳи афроди мусаллаҳ бо ҳадафи озод кардани Малик Исҳоқ ба корвони мошинҳои маъмурони пулис ҳамла кардаанд. Дар натиҷаи даргирӣ 11 нафари дигар кушта шудаанд. Малик Исҳоқ дар феҳрасти террористони байналмилалӣ қарор дошт, ки Амрико тартиб додааст ва гурӯҳи таъсискардаи ӯ, масъулияти қатли садҳо ғайринизомӣ бахусус шиамазҳабон дар Покистонро бар ӯҳда гирифтааст. Малик Исҳоқро борҳо хостанд, ба зиндон андозанд, вале ба сабаби шаҳодат надодани шоҳидон дар додгоҳ, ӯро аз ҷавобгарӣ озод кардаанд. Малик Исҳоқро ин дафъа рӯзи 25-уми июл ҳамроҳи ду писараш боздошт карданд. Рӯзи 29-уми июл гурӯҳи афроди мусаллаҳи мотосиклсавор бо ҳадафи озод кардани Малик Исҳоқ ба корвони мошинҳои пулис, ки ӯро мебурд, ҳамла карданд, вале маъмурони пулис ҳангоми фирори онҳо Малик Исҳоқ ва шариконашро куштанд. Шаш маъмури пулис ҷароҳат бардоштанд. Раҳбари созмони Лашкари ҷангиро ба қатли ҳадафмандонаи даҳҳо нафар ва ҳамкорӣ бо Толибону ҷангҷӯни Ал-Қоида муттаҳам мекарданд.

XS
SM
MD
LG