Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи ним тонна мухаддирот дар 12 амалиёти муштарак


Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ 12 амалиёти муштаракро бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон баргузор кардаанд. Рустам Назарзода, раиси оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 29 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “дар пайи 12 амалиёти муштарак бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон беш аз ним тонна маводи мухаддир кашфу мусодира шуда ва як коргоҳ ё лабаротории тавлиди ҳероин дар музофоти Бадахшон нобуд карда шуд.”

Ҷаноби Назарзода гуфт, афзоиши майдони кишти хашхош дар қаламрави Афғонистон ба таври мустақим ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон, ки дар тӯли беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад, таъсир мегузорад. Ҳарчанд ба иттилои ҷаноби Назарзода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 910 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст ва ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 11 дарсад кам аст. Кашфу мусодираи ҳероин ҳудуди 49 дар сад ва афюн 8 дар сад зиёд шудааст.

Ба гузориши раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мизони боздошти афроди гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир дар хориҷи кишвар аз 259 нафар дар шаш моҳаи аввали соли гузашта ба 200 нафар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, яъне 30 дар сад коҳиш пайдо кардааст. Ба гуфтаи вай, дар ин муддат фаъолияти ду гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир қатъ карда шуда, шаш нафаре, ки дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доштанд, боздошт гардиданд. Ҳамчунин дар ин давра ба иттилои Рустам Назарзода, 15 шаҳрванди хориҷӣ ба иртикоби қочоқи маводи мухаддир боздошт гардидаанд.

XS
SM
MD
LG