Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳо шудани чархи трактор як нафарро кушт


Дар натиҷаи раҳо шудани чархи аробаи трактори МТЗ 80 ва ба мошини “Нексия” бархӯрдани он дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ронандаи мошини сабукрав ба ҳалокат расидааст ва мусофири вай маҷрӯҳ шудааст. Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи рузи сешанбе чархи ақиби аробаи трактори МТЗ 80 бинобар нуқсони техникӣ канда шуда ва ба мошини “Нексия” бармехурад, ки ронанади мошин Маҳмадӣ Муродови 23-сола ба ҳалокат мерасад. Мусофири таксӣ Тӯҳфа Сангова, сокини Ҳисор ҷароҳат бардошта феълан дар беморхона бистарист. Ҳодиса дар роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор-Турсунзода рӯй додааст.

XS
SM
MD
LG