Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати ҳарбиёни тоҷик дар Иди Ғалабаи Чин


Ротаи посбонии фахрии Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр дар намоиши ҳарбӣ дар Пекин ширкат хоҳад кард. Ба иттилои як манбаъ дар Вазорати дифои Тоҷикистон ин ҷузви нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар охири моҳи август ба Чин сафар хоҳад кард. 3 сентябр дар Чин ҳамчун Рӯзи Ғалабаи халқи Чин дар ҷанг бо ишғолгарони ҷопонӣ бо паради ҳарбӣ таҷлил мешавад. Барномаи 70-умин солгарди ин ҷашнро Чин як иди байнулмилалӣ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG