Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири рушди иқтисод: "Зарурат ба бозбинии будҷа нест"


Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 29 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеаш гуфт, ки ҳарчанд будҷаи кишвар дар нимсолаи аввал сад дар сад иҷро нашуд, аммо зарурати бозбинӣ ва ё кам кардани қисмати даромади он вуҷуд надорад. Чунки ба таъкиди ҷаноби Ҳикматуллозода, арсаҳои иқтисоди Тоҷикистон назири саноат 14-дарсад ва кишоварзӣ 7 дарсад рушд кардааст. Аз ин рӯ вазир мегӯяд, ки ҳеҷ зарурате барои бозбинии будҷа вуҷуд надорад ва имкон ҳаст, ки дар семоҳаи оянда, нақшаи даромади будҷаи кишвар ба пуррагӣ иҷро шавад. Неъматулло Ҳикматуллозода афзуд, ки новобаста ба буҳрон дар кишварҳо асосии шарики иқтисодии Тоҷикистон --яъне Русия ва Қазозистон, рушди ММД ба 6,4 дарсад расид. Ин дар ҳоле ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ назири Сандуқи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ дар пешбинии худ гуфта буданд, ки рушди ММД-и Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар сатҳи 3 дарсад хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG