Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон тавлиди алюминийро зиёд мекунад


Неъматулло Ҳикматуллозода

Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода рӯзи 29 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки истеҳсоли алюминий дар ним соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 1 дарсад афзуда ва ба 64 ҳазор тонна расидаст. Ба гуфтаи вай, тибқи нақша то охири сол тавлиди алюминий ба 190 ҳазор тонна расонида мешавад ва соли оянда дар назар аст, тавлиди он ба 270 ҳазор тонна расонида шавад. Тавлидоти ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон – дар соли 2014 ҳудуди 2 маротиба, ё қариб 100 000 тонна коҳиш ёфта буд. Алюминий яке аз маҳсули аслии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG