Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазо барои беэътиноӣ ба муроҷиати шаҳрвандон


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муовини раиси Кумитаи идораи замини пойтахт И. Шоевро барои сари вақт вокуниш накардан ба муроҷиати шаҳрвандон тибқи банди 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳвандон», 1200 сомонӣ ҷарима кард.

Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомони 29 июл ба радиои Озодӣ гуфт парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати муовини раиси Идораи замини ҳукумати шаҳри Душанбе ки аз ҷониби муовини додситонии дар нисбати ӯ шикоят шудааст бо моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба 30 нишондиҳанда ё худ 1200 сомони ҷарима баст.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегуяд масъулони идораҳо бояд, дар мўҳлати то як моҳ аз рўзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омўзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рўз баррасӣ кунанд, аммо чунин баррасӣ зиёда аз 1 моҳ тӯл кашидааст ва гоҳе бе посух мондааст. Ҷарима ба андозаи 30 нишондиҳанда баробар ба 1200 сомонӣ ба буҷаи давлат пардохта шудааст

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG