Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бостоншиносони тоҷик аз кони миси "Айнак" баргаштанд


Аз 12 нафар бостоншиносону таърихшиносони тоҷик, ки дар кони миси "Айнак"-и Афғонистон ба иктишофи ёдгориҳои таърихӣ машғул буданд, 6 нафари онҳо ба Тоҷикистон баргаштанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, ки вазъи амниятӣ дар ин минтақа ва умуман дар Афғонистон имкон намедиҳад ин тарҳ пурра иҷро шавад. Кони миси "Айнак" дар вилояти Лугар -- дар чандкилометрии шарқи Кобул ҷойгир аст.

Раҳматшоҳ Маҳмадшоев, раҳбари гурӯҳи бостоншиносони Тоҷикистон дар кони миси "Айнак"-и Афғонистон рӯзи 28 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, вай ҳамроҳи панҷ нафар бостоншиноси дигар, ки тайи се соли ахир дар ин кор ҳамроҳи таърихшиносони кишварҳои дигар машғули бозёфтҳои таърихӣ будаанд, ба Душанбе баргаштанд. Раҳматшоҳ Маҳмадшоев афзуд, феълан амният дар онҷо хуб нест ва тарҳи мазкур низ аз нигоҳи маблағгузорӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Вале вай сабаби аслии бозгашти бостоншиносони тоҷикро ба охир расидани мӯҳлати қарордодашон рабт дод. Раҳматшоҳ Маҳмадшоев афзуд, "даҳҳо ҳамлаҳои харобкорӣ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон баёнгари ин аст, ки амният дар онҷо хуб нест, ҳарчанд атрофи кони миси "Айнак" бо се ҳалқаи амниятӣ таъмин мешуд.”

Вай мегӯяд, шояд бо баргаштани дигар бостоншиносон бо назардошти таъмин набудани амният, дубора ба Афғонистон барнагарданд. Дар кони миси "Айнак" аз Тоҷикистон 12 нафар ва ҳамроҳ бо 43 таърихшиносони хориҷӣ таҳқиқот мебаранд.

Дар ҳамин ҳол корманди Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, бостоншиноси шинохта Юсуфшоҳ Ёқубов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи дигари бостоншиносонро омода доранд ва қарор аст дар моҳи сентябри соли равон ба кони миси "Айнак" ирсол кунанд. Вай мегӯяд, кони миси "Айнак"-ии Афғонистон дар гузашта як минтақаи таърихӣ буда ва дар онҷо даҳҳо осори пурарзиш пайдо шудааст. Таҳқиқоти ин кон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ва пуштибонии Чин сурат мегирад ва бо анҷоми пурраи корҳои иктишофӣ, кишвари Чин ба истеҳсоли мис дар ин кон оғоз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG