Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат саҳмияҳояш дар "Қолинҳои Қайроққум"-ро мефурӯшад


Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад, ки саҳмияҳои боқимондаи "Қолинҳои Қайроққум", яке аз бузургтарин корхонаҳои қолинбофӣ дар кишвар ва дар Осиёи Марказиро бифурӯшад.

Дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки айни замон 9.3 дарсади саҳмияҳои "Қолинҳои Қайроққум" ба давлат тааллуқ дорад ва ин саҳмияҳо моҳи август ба фурӯш гузошта мешаванд. Ба иттилои манбаъ, фурӯши саҳмияҳои яке бузургтарин корхонаи ресандагии Тоҷикистон бар асоси барномаи давлатии хусусигардонии корхонаҳои бузург ва миёна сурат мегирад ва қимати аввалияи бастаи саҳмияҳои давлат 500 ҳазор сомонӣ ё камтар аз 100 ҳазор доллар муайян шудааст.

Бақияи саҳмияҳои "Қолинҳои Қайроққум", ки ҷамъияти саҳомии боз аст, ба гурӯҳи афроди алоҳида тааллуқ дорад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳад, ҳиссаи худро дар ихтиёри моликони дигар қарор диҳад, ки кунд шудани суръати рушди иқтисод дар Русия ва кишварҳои атрофи он ва аз ҷумла худи Тоҷикистон талабот ба маҳсулот, аз ҷумла қолинҳоро камтар кардааст.

Абдумуталиб Абдуллоев, мудири "Қолинҳои Қайроққум" рӯзи 28 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, корхона дар 6 моҳи гузашта тақрибан ним миллион метри метри мураббаъ қолин истеҳсол кардааст, ки назар ба солҳои гузашта камтар аст.

"Асосан дар дохил мефурӯшем, содиротамон камтар аст ва қариб 5 фоизро ташкил медиҳад. Солҳои охир истеҳсол кам шуд. Пештар Як миллион метри мураббаъ истеҳсол мекардем. Бӯҳрон омад ва ҳарчанд фурӯш сусттар аст, аммр харидор ҳаст," -- мегӯяд мудири корхона.

Корхонаи "Қолинҳои Қайроққум", ки авҷи истеҳсоли он ба гуфтаи мудири корхона ба соли 1991 рост омад, метавонад дар як сол то 10 миллион метри мураббаъ қолин ва дигар навъи гилему палос тавлид кунад. Аммо ҳоло ба сабаби таъмини номуназзам бо ашёи хом, аз байн рафтани робитаҳои тиҷоратии пешина ва воридоти қолинҳои арзон аз хориҷ, аз ҷумла аз Туркия, Эрон ва Чин "Қолинҳои Қайроққум" бо назардошти талабот ва дархости харидорон маҳсулот тавлид мекунад.

Ба гуфтаи Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, қарзи "Қолинҳои Қайроққум" айни замон бештар аз 32 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар корхона, ки харидори аслии пашм дар Тоҷикистон аст, имкон доранд, тақрибан 10 ҳазор тонна пашмро коркард карда, аз он қолину палосу гилем бофанд. Ба гуфтаи Абумуталиб Абдуллоев ҳоло то 400 нафар дар корхона машғули кор ҳастанд, ҳарчанд дар солҳои Шӯравӣ дар инҷо то 6 ҳазор нафар кор мекарданд. Қолинҳои Қайроққум дар дигар ҷумҳуриҳои собиқи ин иттиҳод ба қавле “дефитсит” буд ва онҳоро бо шиносбозӣ мехариданд.

Бо вуҷуди коҳиши истеҳсолот, "Қолинҳои Қайроққум", аз корхонаҳои пешқадами вилояти Суғд ба ҳисоб меравад ва баъд аз табдил шудан ба ҷамъияти саҳомӣ барои маҳсулоташ дар хориҷ чандин ҷоиза ба даст овардааст ва муассиси чанд корхонаи дигар ба мисли "Қолинҳои Суғд" ба ҳисоб меравад.

"Тафтекс" ва "Ростои Суғд" ҳам аз тарафи "Қолинҳои Қайроққум" ташкил шудаанд ва ба коркарди пашм ва истеҳсоли рӯпушҳо машғуланд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар идомаи барномаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар соли равон барои фурӯши саҳмияҳои ба давлат таллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 6 музояда баргузор кардааст, вале натиҷаҳои он маълум нест, ки ин саҳмияҳоро кӣ харидааст. Аммо аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба гуфтаи мақомоти кумита дар ним соли гузашта ба буҷаи давлат андаке бештар аз 13 миллион сомонӣ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG