Пайвандҳои дастрасӣ

Арзиши интихобот 3,6 миллион баровард шудааст


Кумиссиюни интихоботии Қирғизистон

Кумиссиюни интихоботии Қирғизистон

Барои таҳия ва баргузории интихоботи порламонии Қирғизистон тақрибан 3,6 миллион доллар зарур аст. Дар ин бора Малабек Токтоболотов-узви Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Қирғизистон хабар дод.

Вай гуфт, дар интихоботи соли ҷорӣ вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон ду баробар бештар маблағ хостааст, то ин интихобот дар кишварҳои хориҷӣ баргузор шавад. Ин маблағ аслан барои таҷҳизот дар нуқтаҳои райдиҳӣ сарф мешавад.

Ин таҷҳизот маълумотҳои биометриро сабт хоҳанд кард. Бори аввал Қирғизистон аз чунин таҷҳизот дар ҳамаи нуқтаҳои райдиҳӣ истифода хоҳад кард.

Рӯзи шанбе Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон бо имзои фармоне 4 октябрро рӯзи баргузории интихоботи порлмонӣ эълон кард.

XS
SM
MD
LG