Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи ҷинояткорони тоҷикро боздошт карданд


Бино ба хабарҳои матбуоти Русия, пулиси ин кишвар як гурӯҳи ҷинояткорони тоҷикро боздошт кардааст. Ин гурӯҳ дар наздикии Маскав ба соҳибони дача ё тафреҳгоҳҳо бо корд таҳдид кардаанд ва дороии дачаҳо, аз ҷумла пулу ҷавоҳирот ва телефонҳои ҳамроҳи онҳоро гирифтаанд.

Дафтари матбуотии пулиси вилояти Маскав ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки ин гурӯҳро бо кӯмаки кормандони воҳидҳои вижаи пулиси Маскав дар яке аз хонаҳо дар Маскав боздошт кардаанд.

Ҳангоми боздошт аз онҳо як қисми дороии дуздишуда мусодира шудааст. Тибқи хабар ин гурӯҳ аз се нафар иборат аст ва акнун ба ҳар яки онҳо бар асоси парвандаи бозшуда 12 солӣ ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG