Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ созишномаи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳафтаи оянда ба Миср ва кишварҳои Халиҷи Форс сафар хоҳад кард, то бо ин кишварҳо дар бораи созишномаи ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ ва дар бораи мубориза бар зидди тундравҳои “Давлати Исломӣ” гуфтугӯ кунад.

Ҷон Керрӣ 2 август ба Қоҳира меравад ва дар он ҷо дар ҳамоише роҷеъ ба Муколамаи Амрико-Миср ширкат меҷӯяд. Дар ин ҳамоиш ҳамкориҳои Амрикову Миср барои муддати тӯлонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

3 август Ҷон Керрӣ ба Доҳа меравад ва дар он ҷо бо Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ мулоқот мекунад. Ба ин шӯро Арабистони Саъудӣ, Баҳрайну Кувайт, Умону Қатар дохил мешаванд. Дар нишасти ин шӯро созишномаи ҳастаии Эрон, ҷанг дар Сурия ва мубориза бар зидди “Давлати Исломӣ” баррасӣ мешавад.

Дар Доҳа Ҷон Керрӣ ҳамчунин бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия низ дидор ва гуфтугӯ мекунад. Баъд аз як ҳафтаи боздид аз Ховари Миёна Ҷон Керрӣ як ҳафтаи дигар аз кишварҳои Ҷануби шарқи Осиё боздид мекунад.

XS
SM
MD
LG