Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лулаи гази Эрон-Туркияро тарконданд


Танер Йилдиз-вазири энерҷии Туркия мегӯяд, ки шаби гузашта дар вилояти Агрии Туркия воқеъ дар қисмати ҷануби шарқи ин кишвар лулаи гази Эрон-Туркия мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Йилдиз мегӯяд, ки шӯришиёни курд барои инфиҷор ва хароб кардани ин хати лулаи газ гумонбар дониста мешаванд. Ин инфиҷор дар 15 километрии марзи Эрон рух додааст.

Ширкати давлатии гази Туркия бо номи Ботас гуфт, ки 28 июл таъмири лулаи газ шуруъ шудааст, вале рӯшан нест, ки кай интиқоли дубораи газ оғоз меёбад.

Ин лулуи газ 2 600 километр аст ва аз Табрези Эрон то ба Анқараи Туркия меравад. Ин лулаи газро дар гузаштаҳо низ шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон борҳо тарконда буданд.

XS
SM
MD
LG