Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзошоҳи Акобир -- сокини ноҳияи Рашт ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Ҳоло танҳо дар боғи ӯ, дар деҳаи Ҷафр, метавон дид, ки як дарахт ҳашт навъи мева ҳосил медиҳад.

Ишқи дарахти як себи нодир дар 30 соли пеш Мирзошоҳи Акобир, сокини ноҳияи Раштро ба бунёди боғи нодир таҳрик дод. Ин себро, ки ба гуфтаи ӯ бӯйи даврони кӯдакияшро дошт, "лоласеб" номид ва ба хотири рушди он дар деҳаи Ҷафр боғе бунёд кард, ки дар Тоҷикистон назир надорад.

"Ин себро дар Тавилдара дидам, ки сурхранг буд ва таъми ширин дошт. Аз он ду навда гирифта дар дарахте пайванд кардам. Баъд аз се сол ба зиёрати он дарахт рафтам, ки аз он як кундаи нимбурида боқӣ монда буду бас. Наздаш нишастам ва мисле, ки ягон наздикамро аз даст дода бошам, гиристам. Аммо як кунҷи дилам хурсанд буд, ки дар боғам аз ин себ дорам," -- нақл кард Мирзошоҳи Акобир.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба дунболи ин, ба ҷамъоварии дарахтони нодир оғоз кард, ки дар арафаи нобудшавӣ қарор доштанд. Ҳоло дар боғи ӯ 52 навъи себи нодир, 34 навъи муруд ё нок, 26 навъи зардолу ва даҳҳо навъи нодири мевагиҳо парвариш меёбанд.

Мӯъҷизаи инсонӣ: Ҳашт навъи мева дар як дарахт

Ин мард ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Ҳоло танҳо дар боғи ӯ, дар деҳи Ҷафри ноҳияи Рашт, метавон дид, ки як дарахт 8 навъи мева ҳосил медиҳад. Дар боғи Мирзошоҳ дарахтеро дидем, ки дар як шох олую зардолу ва дар шохҳои дигар шафтолу ва навъи зудпазу дерпази олуболуи сиёҳу сурх дошт. Ҳар як дарахти боғи ӯ таърихчаи худро дорад.

"Дар олам як мушкил аст, ки онро мушкили бороварӣ мегӯянд. Масалан, як дарахт як сол мева медиҳад ва соли дигар намедиҳад. Мушоҳида кардам, ки бархе навъҳои себ дар як сол ва навъҳои дигараш дар соли дигар мева медиҳанд. Барои ҳамин, дар себу дигар навъҳои мева тарзе пайванд кардем, ки аз як дарахт ҳар сол на танҳо як ҳосил, балки ду-се ҳосил гирифтан мумкин аст. Агар себи сурху кабуд дар ин дарахт имсол нагирифт, ҳатман себи сабзу сафед мегирад," -- мегӯяд Акобир.

Парк ва сирри лонаи паррандаҳо

Дар атрофи зодгоҳи худ Мирзошоҳи Акобир 16 боғи намунавӣ бунёд кардааст ва ҳоло мехоҳад, дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр “Парки меваҷот” ва гиёҳҳои нодир дар шароити кӯҳистонро бунёд кунад. Ӯ мегӯяд, мехоҳад, дарахтони мевадиҳандаро барои озмоиш бишнонанд ва бубинад, ки дар баландӣ нашъунамои онҳо чӣ гуна ҳаст. Ҳамчунин, дар ин баландӣ гулу буттаҳое, ки дар гузашта мардуми кӯҳистон аз онҳо ғизо омода мекарданд, парвариш мекунад. Мо дар ҳар шохи дарахтони боғи ӯ лонаи паррандагонро дидем, ки онҳоро худаш сохтааст.

"Дар табиат ягон чизи зиёдатӣ нест. Ҳама рисолати худ ва ҷои худро доранд. Мо барои паррандаҳои нодир низ дар дарахтон лона сохтаем, зеро онҳо низ барои мо лозим ҳастанд. Ҳамчунин, оилаи занбӯр дорем," -- гуфт ӯ.

Кафши чубини падар ва муҳри Аморати Бухоро

Боғдорӣ ва ҳифзи дарахтони нодир танҳо шуғли Мирзошоҳи Акобир нест. Ӯ инчунин, беш аз ду ҳазор бозёфтҳои таърихиро дар хонаи худ нигаҳдорӣ кардааст. Аз бозубанди қадима, тангаҳои замони Куруш то муҳри замони Аморати Бухоро дар сад соли пеш аз бозёфтҳои осорхонаи ӯ ҳастанд. Замоне ӯ ба бунёди осорхона дар хонаи шахсиаш оғоз кард, ки аз хидмати ҳарбӣ дар Артиши Шӯравӣ баргашт буд. Падараш аз дунё даргузашта буд ва танҳо аз ӯ як кафши чубӣ нишона монда буд.

Ӯ гуфт: “Кафши чубини ӯро аз ҷое пайдо кардам, ки дар партов-партов қарор дошт. Ӯро дар рафи хонаам гузоштам ва ёди падарам дар зеҳнам бо дидани ӯ зинда мешуд. Гуфтам, ки шояд мисли кафши падарам садҳо осор дар арафаи партов-партов қарор дошта бошад. Аз ин рӯ, ба ҷамъоварии осорҳои таърихӣ сар кардам. Мӯҳри Аморати Бухороро бо як санги гӯр ба падари он нафаре, ки онро ёфта буд, иваз кардам. Дигар осорҳоро бо пул, бо дарахту мева иваз кардам.”

Қиссаи гурезагӣ ва нобудии ҳунарҳои мардумӣ

Мирзошоҳи Акобир ҳамроҳ бо садҳо хонавода дар замони ҷанги солҳои 1993-1997 аз зодгоҳи бобоӣ фирор карда буд. Бо канда шудан аз зодгоҳ сокинони Рашт ҳунарҳои мардумии худро аз даст доданд. Аммо Мирзошоҳи Акобир бо ҷамъоварии намунаҳое аз ин ҳунарҳо талош дорад, то ҳунарҳои мардумӣ дар Рашт дубора эҳё шавад. Ҳоло дар кунҷе аз боғи ӯ намунаи зинтарошӣ, табақтарошӣ ва гулдузиҳои мардуми маҳаллиро дидан мумкин аст, ки ба хотири ташвиқ ба дигарон ҷамъоварӣ шудаанд. Ӯ мегӯяд, ҳунармандонро дубора ташвиқ кард, то даст ба ҳунармандӣ бизананд ва ҳоло дар чанд деҳоти Рашт ҳунармандон дуюмбора ба кор оғоз кардаанд.

Модари Мирзошоҳ: Писарамро ҳама девона мегуфт, аммо..

Тӯтиннисо Ҳусейнова, модари Мирзошоҳи Акобир мегӯяд, ӯ аз хурдӣ хеле кунҷкоб ва навовар буд. Ҳусейнова, ки ҳоло беш аз 80 сол умр дорад, мегӯяд, замоне писараш ба ҷамъоварии осори қадима ва дарахтони қадимӣ машғул мешуд, ӯро аксаран "девона" мегуфтанд.

-Мегуфтанд, ки Мирзошоҳ девона шудааст. Дипломи олӣ дорад ва боз кӯҳнаҷамъкунак шудааст. Лекин ман ӯро мефаҳмидам, ки кори хуб мекунад. Ҳоло ҳама эҳтиромаш мекунанд ва ман ҳам ӯро мисли як кӯдак дӯст медорам, -- гуфт Тӯтиннисо Ҳусейноваю

Мирзошоҳи Акобир, аз муввафақтарин кишоварзони ноҳияи Рашт, шарқи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1959 дар деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон аст. Пас аз хатми Донишгоҳ бо вуҷуди имкониятҳои зиёд зиндагӣ дар шаҳрро ба зиндагӣ дар деҳ бартар дониста, ба деҳоти бобоӣ баргашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG