Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шуд


Қазоқистон расман узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) шуд. Шӯрои кулли СҶТ рӯзи 27 июл баъд аз бист соли гуфтушунидҳо Қазоқистонро ба узвияти созмон пазируфт.

Дар маросиме ба ин муносибат дар қароргоҳи СҶТ дар шаҳри Женева раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳузур дошт.

Қазоқистон 162-юмин узви ин созмон гардид.

Дар ҷараёни музокирот Қазоқистон аз ҷумла розӣ шуд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар гомҳо бардорад. Дар ҳамин ҳол коршиносон аз он нигаронанд, ки баъд аз вуруди кишвар ба СҶТ бозори кишвар пур аз молҳои хориҷӣ мешавад ва ин барои тавлидгарони маҳлалӣ мушкил эҷод мекунад.

Қазоқистон барои вуруд ба ин созмон моҳи январи соли 1996 ариза навишта буд. Соли 2014 музокироти дуҷонибаи Остона ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат поён ёфт. Ба иттилои расмӣ, мушкил дар вуруди Қазоқистон ба ин созмони байнулмилалӣ бо зарурати баргузории гуфтушунид оид ба нарху наво ва узвияти кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бастагӣ дошт. Аз панҷ кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё сетояш – Русия, Арманистон ва Қирғизистон узви Созмони ҷаҳонии тиҷоратанд. Белорусия музокирот барои ворид шудан ба ин созмонҳо идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2012 узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст.

XS
SM
MD
LG