Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Боку рӯзи 27 июл мурофиаи додгоҳии ҳомиёни ҳуқуқи башар Лайло ва Ориф Юнус шурӯъ шуд – онҳо дар хиёнат ба ватан, қаллобӣ, тақаллуб, сарпечӣ аз андоз ва фаъолияти ғайриқонунии тиҷоратӣ айбдор мешаванд.

Ба мурофиаи рӯзи душанбе фақат хабарнигорони оҷонси ҳукуматгарои APA ва сомонаи virtualaz.org. роҳ дода шуданд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, ба намояндагони дигар расонаҳо ва сафоратхонаҳо иҷозаи ҳузур дар толорро надоданд.

Лайло ва Ориф Юнус изҳор намуданд, ки худро гунаҳкор намешуморанд. Лайло Юнус гуфт, ки иттиҳом алайҳи онҳо комилан тақаллубист.

Лайло Юнус – раҳбари пажуҳишгоҳи сабтиномнашудаи сулҳ ва демократия дар Боку чанд сол бо ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Арманистон ҳамкорӣ мекард.

Шавҳари ӯ Ориф Юнус муаррих аст ва низоъҳо дар минтақаи Қафқоз, аз ҷумла, дар Қарабоғи Кӯҳиро пажуҳиш мекунад.

XS
SM
MD
LG