Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии толибон дар марз Тоҷикистонро нигарон кардааст


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз ишғол шудани пойгоҳи стратегии Тиргарон дар ноҳияи Вардуҷи Афғонистон ба таҳкими марз бо Афғонистон пардохтанд.

Дар пайи шикасти нерӯҳои давлатии Афғонистон дар ҷанг бо Толибону ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ дар Бадахшони он кишвар, нерӯҳои қудратии Тоҷикистон муҳофизати марз дар ин самтро мустаҳкам кардаанд. Як фармондеҳи баландрутбаи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон рӯзи 27 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти нооромиҳо ва ишғоли як пойгоҳи муҳими низомӣ дар ноҳияи Вардуҷи Бадахшон аз тарафи Толибон, муҳофизати марз дар баъзе аз минтақаҳои наздик ба ин маҳал мустаҳкам шудааст, вале нерӯҳои марзбонӣ ба ҳоли омодабош оварда нашудаанд.

"Қувваҳои марзбонӣ хидматро ба таври муқаррарӣ пеш мебаранд. Марз таҳти назорати шадид қарор дорад," -- гуфт афсари баландрутбаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон. Ӯ афзуд, то кунун ҳеч гурӯҳи тундрав ё ҷангҷӯён саъй накардаанд, ки марзи Тоҷикистонро убур кунанд, вале қонуншиканиҳои оддӣ, мисли убури марз аз тарафи афроди алоҳида ба чашм мехӯрад.

Ноҳияи Вардуҷи Бадахшон, ки дар 80-километрии ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст, баъд аз се рӯзи ҷанг, шоми 25 июл бо як пойгоҳи муҳими низомии Афғонистон ба дасти Толибон ва шарикони хориҷии онҳо гузашт. Пойгоҳи дурафтодаи Тиргарон дар як минтақаи стратегии ҳаммарз бо Тоҷикистону Покистон ва Чин ҷойгир аст ва ишғоли он як шикасти бузурги артиши миллии Афғонистон маҳсуб мешавад.

Гулмуҳаммади Бедор

Гулмуҳаммади Бедор

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, 100 нафар аз афсарони пулис, ба Толибон таслим шудаанд ва баъди супурдани аслиҳаву муҳимоташон Толибон онҳоро ҷавоб додаанд. Гулмуҳаммади Бедор, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, даҳҳо нафар аз ҷангҷӯёни хориҷӣ, ки тоҷикону узбакҳо, чеченҳо ва ӯйғурҳои Чин, ки аз Покистон гурехта, дар Бадахшон паноҳ бурдаанд, дар ҷанг ба Толибон кумак мекунанд.

"Бештар аз 300 нафар бо аҳли хонаводаҳояшон аз Вазиристони Покистон гурехта, дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Бадахшон мустақар ҳастанд. Дар тамоми амалиёт ва ҷангҳои Толибон бо давлат онҳо ҳамкорӣ мекунанд," -- гуфт ӯ.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, даргириҳо дар Бадахшон фурӯ нишастаанд ва артиши Афғонистон саъй хоҳад кард, ки бо ёрии нерӯҳои НАТО ин минтақаро аз ҳузури Толибону ҷангҷӯёни хориҷӣ пок кунад. Генерал Бобоҷон, фармондеҳи амниятии Бадахшон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ба амният дар ин вилояти як замон ороми Афғонистон таваҷҷӯҳ нашавад, мумкин аст, ноамнӣ ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ "сироят" кунад.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта эътироф кардаанд, ки баъди тарки Афғонистон кардани нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 ва ноором шудани вазъ дар кишвари ҳамсоя нигарон ҳастанд. Моҳе пеш аз ин Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дар Афғонистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд ва ин мояи нигаронии амиқи кишвар аст. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам моҳи май зимни сафараш ба Ҳинд гуфт, нооромиҳову пешравиҳои Толибон дар шимоли Афғонистон мояи нигаронист, вале ба қавли ӯ имкони рахнаи тундравону террористон ба қаламрави Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст.

Ҷангу нооромӣ дар он минтақаи Бадахшони Афғонистон идома дорад, ки ба гузаргоҳи марзии Ишкошим наздик аст ва тиҷорату муомилоти аслии тоҷирони тоҷику афғон дар онҷо сурат мегирад. Ба гуфтаи Гулмуҳаммади Бедор, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон баъди нооромиҳои пешин ва пешрафти Толибон, мақомоти Тоҷикистон нерӯҳои изофии марзбониро барои муҳофизати ин гузаргоҳи ҳаётан муҳим овардаанд, вале убуру мурури мардум аз тариқи он маҳдуд нашудааст.

Афсари баландрутбаи Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, дастуре барои бастани ин гузаргоҳи муҳим нагирифтаанд, вале дар сурати бадтар шудани вазъи амниятӣ дар Бадахшон эҳтимоли бастани он вуҷуд дорад.

"Рости гап ҳоло гузаргоҳ баста нашудааст, чун реҷаи муҳофизати сарҳад муқаррарӣ аст, вале агар вазъ бадтар шавад, мумкин аст, ки онро бандем," -- хулоса кард ҳамсӯҳбати мо.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG