Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари чоррӯзаи Э.Раҳмон ба Бадахшон


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 28 июл бо сафари чоррӯза ба вилояти Бадахшон меравад. Як мақоми баландпояи ҳукумати вилоят рӯзи душанбе дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, оқои Раҳмон аввал ба ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз рафта, аз минтақаҳои селзада боздид ва сипас чанд иншооти тозабунёдро мавриди истифода қарор хоҳад дод. “Баъд аз он раисиҷумҳур ба Хоруғ сафар мекунад,” -- афзуд манбаъ. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи даҳ рӯзи охир сел дар баъзе аз ноҳияҳои ин вилоят даҳҳо манзили сокинонро вайрон карда, боиси ҳалокати шаш нафар шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар маҷмӯъ хисороти сел дар Бадахшон ва Рашту Хатлону Суғд ба тақрибан сад миллион доллар мерасад ва Вазорати хориҷӣ аз созмону кишварҳои хориҷӣ расман даъват кард, ки барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ ёрӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG