Пайвандҳои дастрасӣ

Алиҷон Аҳмадҷонов, бародари Амонбой Аҳмадҷонов сарбози қисми ҳарбии Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен вилояти Суғд рӯзи 27 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади бародарашро баъди ташхиси тиббӣ ба Конибодом оварда дар деҳаи деҳаи Зарбеди ҷамоати Пулотон ба хок супурданд.

Ба гуфтаи ӯ, сарбозоне, ки тобутро ҳамроҳӣ мекарданд, дар канал ғарқ шудани Амонбойро тасдиқ кардаанд. Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки Амонбой Аҳмадҷонов силоҳи худ - автомати Кадашниковро гузошта мехостааст оббозӣ кунад, аммо бо чӣ сабабе натавонистааст аз об берун шавад.

Як мақоми Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки сарбоз Амонбой Аҳмадҷонов дар канал ғарқ шудааст.

Сабабҳои рӯй додани ин ҳодиса ҳоло тафтиш мешавад. Аммо Алиҷон Аҳмадҷонов мегӯяд, ки бародараш бо шиноварӣ ошно буд ва аз ин рӯ ба фарзияи расмии марги ӯ шубҳа дорад.

Пайвандони Амонбой мегуянд, ки ӯ якуним сол пеш довталабона ба хизмати аскарӣ рафта буд ва бояд баъд аз чанд моҳ ба хона бармегашт.

XS
SM
MD
LG