Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъомади тарафдорони Мақсуд Иброҳимов дар Истамбул


Мақсуд Иброҳимов
Мақсуд Иброҳимов

Гурӯҳе аз тарафдорони Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони сабтиномнашудаи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бо нишони эътироз аз ҳукми 17 соли зиндони ӯ дар Истамбул ҷамъ омаданд. Ин гурӯҳ ба ноодилона будани ҳукми зиндони Иброҳимов ва ҳам хомӯшии ҳукумати Русия дар ин иртибот таъкид карданд. Иброҳимов, ки соҳиби шаҳрвандии Тоҷикистону Русия аст, аз ҷониби додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷурми "даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ташкили созмони ҷиноӣ" ахиран ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Илҳом Абдураҳмонов, консули Тоҷикистон дар Истамбул дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи хурде дар як хиёбони назди консулгарии Тоҷикистон имрӯз ҷамъ омаданд, вале барои ин намояндагии дипломатӣ талаби онҳо маълум нест: “Онҳо на шифоҳӣ ва на хаттӣ ба мо муроҷиат накарданд ва мо намедонем, ки хости онҳо чист. Ин нафарон тахминан 9-10 нафар буданд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Туркия баргузории ҷамъомадҳои ғайрирасмӣ бе иҷозати ҳукумати Туркия дар муқобили муассисаҳои дипломатӣ мумкин нест. Онҳо омаданду дар ҳамон хиёбон фикри худро баён карданд. Вале ба ҷониби консулгарӣ ягон талаб, дархост ё номаи хаттӣ ироа накарданд”, гуфт Илҳом Абдураҳмонов.

“Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” худро ҷузве аз Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG