Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти аъзои "Гурӯҳи исломӣ" ва ҲКК дар Туркия


Полиси Туркия дар ҷараёни як амалиёти вижа рӯзи 27 июл дасти кам 15 нафари гумонбар дар робита бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дастгир кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳои туркӣ, ҳамаи гумонбарон, аз ҷумла, чанд шаҳрванди хориҷӣ, субҳи барвақт дар мавзеи Ҳоҷӣ Байрами канори Анкара, боздошт шудаанд. Дар бораи шаҳрвандони кадом кишварҳо будани гумонбарон хабар дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол дар шаҳри Адияман, ба иттилои нашрияи Yeni Safak, дасти кам 19 нафар дар робита бо Ҳизби коргарони Курдистон (ҲКК) гумонбар шуданд. Телевизиони CNN Turk хабар дод: ки ҳафтаи гузашта, ҳамзамон бо шурӯи зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои мусаллаҳони ҲКК дар Сурия ва шимоли Ироқ, дар дохили Туркия беш аз 800 нафарро бо гумони робита бо ин ҳизб дастгир намуданд.

Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия, рӯзи 27 июл дар мулоқот бо сардабирони нашрияҳои асосии кишвар гуфт, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯёни гурӯҳи «Гурӯҳи исломӣ» ва мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон дар Сурия ва шимоли Ироқ метавонад «бозӣ» дар минтақаро тағйир диҳад. Рӯзномаи Hurriyet аз қавли нахуствазир навиштааст, ки дигар кишварҳо низ муносибаташонро ба ҳаводиси минтақа дигар кунанд.

Аҳмад Довудоғлу гуфт, ки Анкара қасди ба Сурия фиристодани нерӯҳои пиёдагардро надорад.

Аз ин пеш мусаллаҳони курд дар канори шаҳри Диёрбоқир, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, ду сарбози туркро кушта, чаҳор нафари дигарашонро маҷрӯҳ карданд.

Паймони НАТО рӯзи 28 июл бо дархости Анкара дар робита ба амалиёти таъмини амнияти Туркия ва мубориза бр гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҲКК музокироти фавқулодда баргузор мекунад.

XS
SM
MD
LG