Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири пешин дар фасод айбдор мешавад


Серик Аҳмадов
Серик Аҳмадов

Дар шаҳри Қароғанда рӯзи 27 июл муҳокимаи пешакии парвандаи собиқ нахуствазир ва собиқ вазири дифои Қазоқистон Серик Аҳмадов шурӯъ шуд.

Додситонӣ ӯ ва 21 нафари дигар, аз ҷумла, ҳокими пешини вилояти Қароғанда Баурҷон Абдишев, ҳокими собиқи шаҳри Қароғанда Мейрем Смагулов ва дигар масъулини ҳукумати вилоят ва шаҳри Қароғандаро дар фасод, сӯиистифода аз мақом, дуздидани маблағҳои бӯҷавӣ ва фаъолияти ғайриқонунии тиҷоратӣ айбдор мекунад.

Серик Аҳмадов ҳамчунин дар ришватситонӣ ба маблағи бузург (беш аз ду миллион доллар) гумонбар мешавад.

Аҳмадов 22 октябри соли гузашта аз мақоми вазири дифоъ истеъфо дод. Баъд аз чанд рӯз ӯ боздошт шуд ва таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт. Аз ин пеш чанд тан аз кормандони пешини ҳукумати вилоят ва шаҳри Қароғанда дастгир шуданд.

Серик Аҳмадов аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи апрели соли 2014 нахуствазири Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG