Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 меҳмони тӯй дар Бағлон


Бар асари тирандозӣ дар як тӯйи арӯсӣ дар шимоли Афғонистон дасти кам 20 нафар кушта ва 10 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҷовид Башорат, волии вилояти Бағлон, рӯзи 27 июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки тирандозӣ миёни ду гурӯҳ аз меҳмонони тӯй дар манзили як мулло дар волусволии Андароб шоми якшанбе ба вуқӯъ пайваст.

Гулистон Қасонӣ, раиси полиси вилоят, гуфт, ки ин ду гурӯҳ бо ҳам душмании қадима доштанд. Ӯ афзуд, даргирӣ баъд аз он рӯй дод, ки дар маҳфили арӯсӣ яке аз хешовандони як мансабдори полис кушта шуд.

XS
SM
MD
LG