Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Кӯлоб алайҳи А.А., сокини ҳамин шаҳр, ки дар куштори ҳамсараш Ғ.Р. муттаҳам мешавад, бар асоси моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Додситонӣ мегӯяд, Ғ.Р.-и 40-сола рӯзи 26 июл ба хонаи шавҳари собиқаш рафта, бо ӯ вориди муноқиша мешавад. "Дар натиҷаи муноқиша шаҳрванд А.А. бо корд як бор ба қафаси синаи Ғ.Р. мезанад, ки номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад," - афзуд манбаъ. Мақомот ба хотири халал нарасондан ба тафтишот аз ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ карда, далели муноқишаро низ нагуфтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG