Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама аз сокинони сарзамини падарияш


Барак Обама

26 июл Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико аз мардуми Кения хост, ки "роҳи пешрафтро интихоб кунанд" ва бар зидди ришвахорӣ, терроризм ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон мубориза кунанд. Обама дар ҷараёни сафари таърихӣ ба сарзамини падарии худ ба Кения гуфт, ки дар саросари кишвар ришвахориро таҳаммул мекунанд ва ҷомеаи ин кишвар онро як падидаи маъмулӣ медонад.

Обама гуфт, "ришвахорӣ дар Кения ҳар сол аҳолиро аз ташкили 250 ҳазор ҷои корӣ маҳрум месозад, зеро ҳар шиллингеро, ки мардум барои ришва медиҳад, метавонад барои эҷоди ҷои кор сарф шавад". Раисиҷумҳури Амрико таъкид кард, ки "ҳоло вақти тағйир додани ин одат фаро расидааст, зеро ришвахорӣ имкони пешрафти кишварро маҳдуд мекунад".

Барак Обама, инчунин, дар бораи эҳтиром ба ҳуқуқи занону духтарон, қатъи хушунати зидди занон, арӯсиҳои иҷборӣ ва қатъи таҷовуз ба номуси занон сӯҳбат кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG