Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки рӯзи 26 июл нерӯҳои амниятии ин кишвар дар атрофи шаҳри Рамодӣ шаҳраки донишгоҳиро аз дасти тундравҳои "Давлати исломӣ" пас гирифтаанд. Дар ин амалиёт нерӯҳои ҳавоии эътилофи зери фармондеҳии Амрико аз неруҳои давлати Ироқ ҳимоят кардаанд.

Фармондеҳии муштараки амалиёти низомӣ дар як эъломия гуфтааст, ки ҳоло нерӯҳои амниятӣ машғули даргириҳо ҳастанд, то минтақаро аз нерӯҳои боқимондаи “Давлати исломӣ” ва аз бомбҳои гузошташуда дар роҳҳо пок созанд. Мақомот мегӯянд, нирӯҳои ҳукуматӣ талош доранд, ки шаҳраки донишгоҳиро аз ноҳияҳои атроф ҷудо кунанд ва ба ин тартиб роҳҳои икмолотии тундравҳо ва роҳҳои ақибнишинии онҳоро бибанданд.

Тундравҳои “Давлати исломӣ” моҳи май Рамодиро ба тасарруфи худ дароварда буданд.

XS
SM
MD
LG