Пайвандҳои дастрасӣ

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо дар пайи як "рейд" пулиси роҳ дар Душанбе 49 ронандаи сархушро дастгир кардааст.

Афзоиши шумораи ронандагони маст дар роҳҳои Тоҷикистон, ки гоҳҳо бо садамаҳои нохуши нақлиётӣ меанҷомад, мақомотро нигарон кардааст. Танҳо дар як амалиёти рӯзи ҷумъа, 24 июли соли ҷорӣ, пулиси роҳ дар кӯчаҳои Душанбе ҳудуди 50 ронандаро дар ҳолати сархушӣ ёфтаанд. Дар вилояти Суғд ин рақам дар чор моҳи гузаштаи соли ҷорӣ наздик ба 400 нафарро ташкил додааст.

Рамзия Ҳакимова, сокини 33-солаи пойтахт мегӯяд, чанде пеш қариб буд ӯ ва ду фарзандаш зери чархи мошини як ронандаи маст бимонанд. Ба нақли Рамзия, ин ҳодиса нисфирӯзӣ ва замоне рух дод, ки ӯ бо фарзандонаш аз назди роҳи мактаби рақами якуми пойтахт мегузаштанд.

"Вақте чароғак сабз буд, хостем аз роҳ гузарем. Ногоҳ мошини сабукраве, ки ронандааш бо садои баланд ҳаёҳӯй мекард, босуръат аз бари мо гузашт. Аз тарс дод задам, аммо ронанда ба ҳамон шасте, ки дошт алакай ба истгоҳи дигар расида буд. Агар каме эҳтиёт намекардем, Худо медонад, чӣ мешуд," -- нақл кард ҳамсӯҳбати мо Рамзия Ҳакимова.

Мансур Давлатов, сокини дигари пойтахт, низ дар ин авохир ба афзоиши шумораи ронандагони маст дар роҳҳои Душанбе ишора карда, мегӯяд, “бештари онҳо ҷавононе ҳастанд, ки хунашон дар ҷӯш аст. Чун маст шуданд, дигар дар назарашон чизе ва касе наметобад. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки фоҷиа метавонад, як бор сар зада аммо доғи бузургеро дар дил мегузорад, ки солҳо наметавонанд пок кунанд.”

Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон низ мегӯянд, амалиёти вижаро бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мизони қонуншиканӣ дар миёни ронандагон доир намудаанд. Як мақоми баландпояи БДА-и Тоҷикистон ҳодисаҳои сархушии бархе аз ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳоро тасдиқ карда ва гуфт, "ба хотири ҷилавгирӣ амалиёт мегузаронем ва ин амалиёт натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд".

Ҳоло бар асоси қонун барои ронандагони бадмаст аз 2000 то 2800 сомонӣ ҷарима ё аз ним сол то якумрӣ маҳрумият аз шаҳодатномаи ронандагӣ муқаррар шудааст. Аммо Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигоре, ки пайваста мавзӯи садамаҳои нақлиётиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз чунин амали ронандагон боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми ҷаримаҳост.

Ӯ гуфт, "ҳатто бевосита ду ва ё се хидматчии давлатиеро медонам, ки бинобар дар ҳолати мастӣ рондани мошин аз сӯи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷарима шудаанд. То ҷое огоҳ ҳастам, нисбат ба дигар қонуншиканиҳо барои онҳое, ки сархуш сари чанбараки мошин менишинанд, гузашт намешавад."

Дар зимн, соли ҷорӣ садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, 642 ҳодисаро ташкил додааст, ки 163 ҳолати он садамаи марговар будааст. Дар пайи ин садамаҳо 196 нафар ҳалок ва 688 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG