Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА мизбонии Русияро тасдиқ кард


Йозеф Блаттер
Йозеф Блаттер

Йозеф Блаттер, раиси Федератсияи байналмиллалии футбол изҳор дошт, ки ба ҷонибдорӣ аз баргузории бозиҳои қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар соли 2018 дар Русия қатъномае ба тасвиб расидааст ва ин қатънома аз тасмими пешин ҷонибдорӣ мекунад.

Блаттер ин нуктаро рӯзи шанбе дар мулоқоташ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Санкт-Петербург изҳор дошт. Дар ин шаҳр ҳамчунин қуръакашӣ барои бозиҳои қаҳрамонии соли 2018 баргузор шуд.

Дастаи Русия чун мизбони бозиҳо дар даври ниҳоӣ вориди мусобиқа мешавад ва дар як гурӯҳ бо Белгияву Босния, Юнону Эстониява Қибрис бозӣ мекунад.

Маросими шаҳри Санкт-Петербург дар ҳоле баргузор шуд, ки дар атрофи ФИФА ё Федератсия байналмилалии футбол моҷароҳо идома дорад. Бо дархости Амрико 7 нафар раҳбарони баландпояи ФИФА барои ситонидани 150 миллион доллар ришва боздошт шудаанд.

Бо вуҷуди он ки номи Блаттер дар феҳристи гунаҳгорон нест, вайтасмим гирифтааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ва моҳи феврали соли 2016 раиси нави ФИФА интихоб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG