Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалолобод: Марги беш аз 200 кӯдак дар ним сол


Дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маргу мири 201 кӯдаки то синни яксола сабти ном шудааст. Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ Шӯъбаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Ҷалолобод хабар дод.

Бино ба маълумоти ин сарчашма, соли ҷорӣ дар қаламрави ин вилоят тақрибан 12 800 кӯдак ба дунё омадааст. Аз онҳо 123 нафар ҳангоми таваллуд ҷон додаанд.

Дар ҳамин давраи соли гузаштаи 2014 дар ин вилоят маргу мири 326 кӯдак сабти ном шудааст.

XS
SM
MD
LG