Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду сарбози Туркия дар таркиши як мошини бамгузоришуда дар ҷануби шарқи кишвар кушта ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дафтари раиси вилояти Диёрбоқир 26 июл гуфт, шоми 25 июл ҳангоме, ки нируҳо дар роҳ ҳаракат мекарданд, дар ноҳияи Литсе мошини бамгузоришуда таркид.

Дар эъломияи дафтари раиси вилоят гуфта мешавад, ки “террорист”-ҳо ин ҳамларо анҷом додаанд. Маъмулан онҳо бо вожаи “террорист” шӯришиёни курдро дар назар доранд.

Ин таркиш замоне рух додааст, ки Ҳизби Коргарии Курдистон таҳдид кард, ки баъд аз ҳамлаи нируҳои Туркия ба пойгоҳҳои онҳо дар шимоли Ироқ онҳо дигар оташбасро риоя намекунанд.

Туркия ба мавзеъҳои нируҳои “Давлати Исломӣ” дар Сурия низ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод.

XS
SM
MD
LG