Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши эътирозӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон


Дар ноҳияи марзии ноҳияи Бодканд дар наздикии рустои Кук-Тоши Қирғизистон ва рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон тақрибан 100 нафар гиридиҳам омадаанд.

Дар ин бора Розия Осорова-раиси рустои Кук-Тош ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст. Бино ба суханони вай, сокинони рустои Кук-Тош барои он норозӣ будаанд ва гирдиҳам омадаанд, ки сокинони рустои Чоркӯҳи Тоҷикистон роҳи мошинрав ва обро ба рустои ҳамсояи қирғизтаборон бастаанд.

25 июл ба маҳали гирдиҳамоии сокинони рустои қирғизтабор намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ, кормандони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизстон ва пулиси ин кишвар ҳозир шудаанд ва бо аҳолӣ сӯҳбат кардаанд.

XS
SM
MD
LG