Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як гурӯҳи ДОИШ дар Тоҷикистон ошкор шудааст


Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ бештар аз 100 нафар афроди гумонбар ба узвияти гурӯҳҳои террористӣ ва тундравро боздошт кардаанд, ки 18 нафари онҳо ҷонибдорони «Давлати Исломӣ» будаанд. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохила дар Душанбе ба рӯзноманигорон хабар дод.

Раҳимзода гуфт, ки ҳудуди 520 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қисмати аслиашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, бо роҳҳои гуногун ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва ба нируҳои «Давлати Исломӣ» пайвастаанд. 150 нафари онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд.

Ба гуфтаи вазир, дар ин рӯзҳо кормандони вазорати дохила як гурӯҳи ҷонибдори «Давлати Исломӣ»-ро хунсо кардаанд, ки мехост дар муассисаҳои стратегии кишвар як силсила таркишҳо анҷом диҳад. Оқои Раҳимзода гуфт, се нафар узви ин гурӯҳ боздошт шудаанд ва ҷустуҷӯи аъзои дигари он идома дорад.

XS
SM
MD
LG