Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Сибир Парнасро ба интихобот роҳ надоданд


Алексей Навалний

Алексей Навалний

Мақомоти Русия Алексей Навалний-ҳамраиси эътилофи ҳизбҳои Озодии мардумӣ ва Парнасро аз ширкат дар интихобот маҳрум карданд. Дар ин бора дар торнамои ҳизб 24 июл хабаре ба нашр расидааст. Кумиссиюни интихоботӣ дар шаҳри Новосибирск ин ҳизбро барои ширкат дар интихобот сабти ном накард.

Эътилофи ин ду ҳизб аз тарафи ҳуқуқдон Алексей Навалний ва нахуствазири пешин Михаил Касянов раҳбарӣ мешавад. Кумиссиюни интихоботии Новосибирск мегӯяд, имзоҳое, ки ҳизб барои ширкат дар интихобот гирдоварӣ кардааст, ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

Аммо мақомоти ин ҳизб мегӯянд, ки онҳоро бо сабабҳои сисёсӣ аз ширкат дар интихобот маҳрум кардаанд. Бино ба муқаррароти интихоботӣ, ҳизб бояд 11 ҳазор имзо барои ширкат дар интихобот гирдоварӣ мекард. Ҳизб мегӯяд, ки онҳо бештар аз ин имзо ҷамъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG