Пайвандҳои дастрасӣ

Коммунистҳо аз ширкат дар интихобот маҳрум шуданд


Павел Петренко дар нишасти хабарӣ

Павел Петренко дар нишасти хабарӣ

Павел Петренко-вазири адлияи Украина изҳор дошт, ки аз 24 июл ба ин сӯ ширкати куммунистҳо дар ҳар гуна интихобот мамнуъ эълон шудааст.

Петренко зимни суханони худ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин мамнуият ҳам ба қонуни мавҷуда мутобиқат мекунад ва ҳам ба қонуне, ки ахиран дар Верховная Рада ба тасвиб расидааст. Интизор меравад, ки ин қонунро дар рӯзҳои оянда раиси ҷумҳур ба имзо расонад.

Вазири адлия гуфтааст, ки Ҳизби Куммунисти Украина, ки ҳоло номи Ҳизби куммунистии коргарону деҳқононро гирифтааст, қонун дар бораи таблиғи ақидаҳои куммунистиро вайрон мекунад.

Рӯзи ҷумъа Александр Турчинов-Дабири Шӯрои амнияти миллии Украина изҳор дошт, ки ин ҳизб аз 24 июл дигар мақоми ҳизби сисёсиро дар Украина нахоҳад дошт.

Дар посух ба ин Петр Симоненко-раҳбари ин ҳизб изҳор дошт, ки бо вуҷуди чунин тасмим ҳизби онҳо дар ҳар интихобот ширкат хоҳад ҷуст. Интихоботи мақомоти маҳаллӣ 25 октябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG