Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф ба кишварҳои Халиҷи Форс меравад


Муҳаммад Ҷавод Зариф
Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон аз Кувайту Қатар ва Ироқ боздид ва муҳтавои созишномаи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳониро баррасӣ мекунад. Дар ин бора хабаргзориҳои Эрон иттилоъ додаанд.

Кишварҳои Халиҷи Форс, ки дар садри онҳо Арабистони Саъудӣ қарор дорад, ба зудӣ баъд аз имзои ин созишнома нигаронии худро изҳор додштанд. Арабистони Саъудӣ аз нахустин кишварҳои Халиҷ буд, ки аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон изҳори нигаронӣ кард.

Аз соли 2006 ба ин сӯ таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш идома дошт. Кишварҳои ҳамсояи Эрон дар Халиҷи Форс нигаронанд, ки ин созишнома метавонад нақши Эронроба унвони як кишвари шиа боло бибарад, кишваре, ки онро барои мудохила дар Ироқу Сурия ва Лубнону Яман муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG