Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ситоди кумак ба осебдидагон ташкил шуд


Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Тоҷикистониёни Русия барои кумак ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон ситоди вижа боз карданд. Кумакҳои молии шаҳрвандон ба ҳисобҳои вижаи ситод интиқол дода мешавад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ин ташаббуси шаҳрвандони худ дар қаламрави Русия ҷонибдорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо ширкати раҳбарони ҷамъияти тоҷикон, аъзои Шӯрои иҷтимоии назди сафорати Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирони муваффақи тоҷики муқими Русия дар Маскав мулоқот баргузор ва дар он тасмим гирифта шудааст, ки ба сокинони аз селобҳо осебдидаи Тоҷикистон ёрӣ расонда шавад.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки сафорат омодааст аз ин ибтикор ҷонибдорӣ ва ҷамъоварии кумакҳоро ҳамоҳанг кунад. Русия кишварест, ки бузургтарин шумораи тоҷикистониён дар хориҷ аз Тоҷикистон дар он ҷо ба сар мебаранд. Давлатхон Азизов, узви Шӯрои иҷтимоии назди сафорати Тоҷикистон раҳбари ситоди марказии кумак ба осебдидагон интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG