Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар селобҳои Покистон даҳҳо нафар ҷон бохтанд


Боронҳои шадиди мавсимӣ дар шимоли Покистон боиси ҷорӣ шудани селоб ва хароб шудани хонаҳо шудааст. 24 нафар ба ҳалокат расидаанд ва ба ин тартиб шумораи умумии кушташудагон ба 42 нафар расидааст.

Дар шаҳри Читроли вилояти Хайбар Паштунхвоҳ роҳҳову пулҳо ва мазореъ сахт осеб дидаанд. Дар ин маҳаллот чаҳоряк миллион нафар аҳолӣ зарар дидаанд. Дар ин бора дафтари кӯмакҳои башарии Иттиҳодияи Аврупо 24 июл хабар дод.

25 июл Абдулқаюм-як мақоми пулис гуфт, ки дар атрофи Читрол дар вайронаҳо ҷасади одамонро пайдо кардаанд.

24 июл хабаргузории Ройтерх гузориш дод, ки дар селобҳо дастикам 28 нафар дар саросари кишвар ҷон бохтаанд.

Вилояти Балуҷистон низ хеле осеб дидааст. Тибқи пешгӯиҳо, боронҳое, ки 24 июл оғоз шуд, 2 рӯз давом мекунад. Дар ин минтақа 12 нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG