Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории се масъули “Шаҳри бехатар”


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, се масъули “Шаҳри бехатар” барои қасди иваз кардани иттилооти компютерӣ аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин бора 25 июл дар як нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, дар миёни онҳо майор Алишер Бобоев ва Камолиддин Бобохонов низ будаанд. Оқои Раҳимзода афзуд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 188 кормандони идораҳои умури дохилӣ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

XS
SM
MD
LG