Пайвандҳои дастрасӣ

​Сайёҳи чех Петр Мазал баъди 4 рӯзи табобат дар Хоруғ рӯзи шанбе сайёҳати ҷаҳониаш бо велосипедро бо сафари Душанбе идома хоҳад дод.

Велосипедрони чех Петр Мазал, ки дар чорчӯби сайёҳати ҷаҳониаш дар Бадахшони Тоҷикистон қарор дорад, рӯзи 23 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди 4 рӯзи табобат дар Хоруғ худро беҳтар ҳис мекунад ва рӯзи шанбе сайёҳаташро идома хоҳад дод.

Петр Мазал ҳанӯз шоми 19 июл аз тариқи Мурғоб вориди Тоҷикистон шуд ва рӯзи 21 июл ба Хоруғ расид. Аммо фишори иқлими баландкӯҳ ва хастагӣ ин сайёҳро аз пой афканд ва ӯ барои 4 рӯз ба хотири табобат дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Хоруғ дармонд.

Петр Мазал сайёҳати ҷаҳониаш бо велосипедро, ки 4 қораи Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрикои ҷанубиро фаро мегирад ва бояд қариб як сол давом кунад, 21 июл аз кӯли Байкал дар Русия оғоз карда, то имрӯз Муғулистону вилоятҳои шимолу ғарби Чин ва Бадахшони Тоҷикистонро давр задааст. Ӯ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафта, ба далели мушкили виза бо Туркманистону Узбакистон иҷборан аз шаҳри Ӯш ба Арманистон парвоз мекунад ва сайёҳаташ бо велосипедро дар Арманистону Гурҷистон ва Туркия идома хоҳад дод.

Акси фиристодаи Петр Мазал аз Бадахшон

Акси фиристодаи Петр Мазал аз Бадахшон

Баъди бозгашт ба Прага Петр Мазал дар моҳи сентябр барои анҷоми бахши дувуми сайёҳати ҷаҳониаш бо велосипеди худ ба Африқо рафта, моҳи январи соли оянда ин сайёҳатро бо педалзанӣ дар кишварҳои Африқои ҷанубӣ такмил хоҳад кард.Ин устоди мактаби миёнаи ҳунарӣ дар шаҳраки Поличка, воқеъ дар 180-километрии ҷанубушарқи Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, мехоҳад дар маҷмӯъ дар зарфи 300 рӯз 30 000 километр роҳро дар 4 қитъа – Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрикои ҷанубӣ – тай кунад.

Петр Мазал дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки аз тариқи Фейсбук анҷом гирифт, аз мушкилоти сафари Бадахшон ва ҳам аз табиати зебову меҳмоннавозии, ба гуфтаи ӯ, беҳамтои мардуми Помир қисса кард.

Радиои Озодӣ: Аз аксҳои Шумо дар Фейсбук дида мешавад, ки ҳолатон хуб нест. Чӣ шуд?

Петр Мазал: Фикр мекунам, фишори минтақаи баландкӯҳ, ки барои мардуми маҳаллӣ як амри маъмулӣ, вале барои дигарон ғайримуқаррист, маро аз пой афтонд. Пойҳоям ва сарӯи рӯям сахт варам карданд ва ман маҷбур шудам, 4 рӯз аз идомаи сафарам “истироҳат” бигирам. Дар ин рӯзҳо ҳам велосипедамро барои идомаи сафар тармим кардам ва ҳам худамро.

Радиои Озодӣ: Ба бемористон муроҷиат кардед? Ва касе ҳаст, ки ба Шумо нигоҳубин кунад?

Петр Мазал: На, дар меҳмонхона табобат мегирам. Бародарам инҷо бо ман аст ва ӯ кӯмакам мекунад. Ӯ табиб аст худаш. Вазъи ман ҳоло хеле беҳтар шудааст.

Петр Мазал

Петр Мазал

Радиои Озодӣ: Шифои комил орзу мекунем бароятон. Ва аммо қисмати тоҷикистонии сайёҳати ҷаҳонии Шумо бо велосипед фақат Бадахшонро дар бар мегирад ё..?

Петр Мазал: На, ман нақша дорам, аз Хоруғ ба Душанбе сафар кунам, аз онҷо ба Хуҷанд. Баъдан ба Исфара меравам ва аз тариқи Исфара – ба Бодканд ва Ӯш. Рӯзи 10 август аз Ӯш ба Ереван парвоз дорам, то сайёҳатамро дар Қафқоз идома диҳам.

Радиои Озодӣ: Маълум аст, ки кай идома медиҳед сафаратонро?

Петр Мазал: Бале, ғолибан рӯзи шанбе, 25 июл аз Хоруғ ба қасди Душанбе ба роҳ хоҳам баромад.

Радиои Озодӣ: Аз кадом тариқ? Аз роҳи водии Рашт тавассути ағбаи Хобуработ ваё аз роҳи нав аз тариқи Кӯлоб?

Петр Мазал: Ҳанӯз дақиқ накардаем, вале ба далели шароити беҳтари роҳаш шояд аз роҳи Кӯлоб ҳаракат кунем.

Радиои Озодӣ: Ба ҷуз аз маризӣ ва асароти сел, ки дар роҳи Хоруғ мушоҳида кардед, мушкили дигаре ҳам доштед дар рӯзҳои аввали сайёҳататон дар Бадахшони Тоҷикистон?

Петр Мазал: На. Дар марз ва дар дохил дигар мушкиле пеш наомад барои мо. Ману ҳамсарам чанд сол пеш дар инҷо будем. Мо соли 2011 дар дараи Вахон ба қуллаи Карл Маркс баромада будем. Ман Тоҷикистонро дӯст медорам ва пеш аз ҳама ба хотири мардуми Помир ва дараи Вахон. Ман фикр мекунам, ки беҳтарин мардуми дунёянд онҳо. Ман мушкиле надорам инҷо. Ман табиати Тоҷикистон, кӯҳҳову кӯлҳо ва дарёҳояш, ҳама чизро инҷо дӯст медорам. Ва фикр мекунам, ин охирин сафари ман ба Тоҷикистон нест. Вақте сайёҳатам ба поён расид, мехоҳам ҳама таассуротамро дар як китоб бо аксҳо гирд биорам. Як бахши умдаи ин китобро, албатта, таассуроти боварнакардании ман аз Бадахшон ташкил хоҳад дод.

Акси гирифтаи Мазал дар Бадахшон

Акси гирифтаи Мазал дар Бадахшон

Радиои Озодӣ: Муносибати мардум дар Бадахшон чигуна буд?

Петр Мазал: Чизе ки маро дар Бадахшон, аз ҳама бештар, ҳатто бештар аз кӯҳу табиаташ тасхир кард, мардумаш буд. Ман ба далели вазъи саломатиам рӯзи чорум боз дар Хоруғам. Вале, албатта, ман рӯзи дароз дар бистар нестам. Шаҳрро тамошо кардам, кӯчаҳояшу мардумашро акс гирифтам. Ва тамоми онҳо, ки медидам ва, барои мисол, мепурсидам, ки аксашро бигирам, бо дилу ҷон қабул мекарданд. Сайёҳон дар муносибат бо мардуми Помир мушкиле надоранд. Ҳама – чӣ пиру чӣ ҷавон – мепурсанд, ки оё кумаке лозим аст ё на? Агар гӯед, ки на, боз ҳам дастатро мефишоранду баъд мераванд.Ин чизи хеле мусбат аст, чунки барои мардуми дигар қисматҳои Осиё, ё дар Аврпуо ваё Африқо ин чнадон муҳим нест. Дини ин мардум ба онҳо мефармояд ки бояд ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунанд. Ин як чизи барои ман боварнокарданист. Ҳама туро ба хонаашон ба меҳмонӣ даъват мекунанд ва чунон ҳарф мезананд, ки шумо ягон узви хонаводаи онҳо бошед. Ва ин хоб нест, воқеъият аст.

Радиои Озодӣ: Яъне ба инҷо ҳатман бар хоҳед гашт.

Петр Мазал: Ҳатман! Ман худамро дар Помир дар ҷаннати рӯи замин ҳис мекунам. Дар ҳаёти ояндаам ман мехостам дар Помир зиндагӣ кунам. Ҳамин чанд дақиқа пеш барои харидани пивои сард ба як дӯкони хурд даромадам. Ба духтари ҷавоне ки фурӯшандаи дӯкон буд, шӯхиомез гуфтам, ки имрӯз пиво барои ман бепул аст, не? Пурсид, ки чаро? Гуфтам, чун ман фақат аз шумо пиво мехарам. Ӯ нафақат ба ман пиворо бепул дод, балки маро барои хӯроки шом аз кабоби гӯшти гӯсфанд ба хонааш даъват кард. Худатон бигӯед, магар инҷо ҶАННАТ нест? Бовар кунед, ки ҶАННАТ аст! Ман ҳатто фикр мекунам, ҷаҳон хеле беҳтар мешуд, агар тамоми мардуми ҷаҳон мисли мардуми Помир мебуд.

Радиои Озодӣ: Ташаккур барои ин сӯҳбат. Ба шумо дар идомаи сайёҳататон роҳи сафед орзу мекунем.

Петр Мазал: Тавре, помириҳо мегӯянд, қулуғ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG