Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ аз созиш бо Эрон ҳимоят кард


Ҷон Керрӣ чанд соат ба суолҳои вакилони амрикоӣ ҷавоб дод.

Ҷон Керрӣ чанд соат ба суолҳои вакилони амрикоӣ ҷавоб дод.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ба вакилони мардумии кишвараш гуфт, дар сурати рад кардани созиши атомӣ бо Эрон ба Теҳрон “чароғи сабзи бузургро нишон медиҳанд,” ки ҳарчӣ зудтар ба бомби атомӣ соҳиб шавад. Ҷон Керрӣ рӯзи 23-уми июл дар ҳузури аъзои Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико гуфт, агар Конгресс созишномаи атомӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳониро рад кунад, дар он сурат Вашингтон “аз ҳар маҳдудияте ки рӯи барномаҳои атомии Эрон” гузошта шуд, канор хоҳад рафт. Аввали ҳамин моҳ 6 қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон дар шаҳри Вена созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд мекунад ва таҳримоти иқтисодӣ алайҳи ин кишварро аз байн мебардоранд. Ҷон Керрӣ дар ҳузури вакилони амрикоӣ гуфт, бояд аз байн яке интихоб мешуд, ё созише, ки барномаи сулҳомези атомии таҳти назоратро ба Эрон иҷоза медод, ё аслан созише имзо намешуд. Ҷон Керрӣ дар замоне ба вакилон гузориш дод, ки дар миёни онҳо ин нигаронӣ зиёд шудааст, ки Эрон мумкин аст, нозирони атомиро фиреб диҳад ва бо истифода аз миллиардҳо долларе, ки ба даст меорад, Ховари Миёнаро ноором кунад.

XS
SM
MD
LG