Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ба мавзеъҳои ҷангҷӯён зарба зад


Ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия субҳи рӯзи 24-уми июл ба чаҳор мавзеъи гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурия зарба задаанд. Ин мавзеъҳо аз ҷумла як қароргоҳи гурӯҳ дар рустои Ҳавор дар марзи вилояти Килиши Туркия ҷойгир будаанд ва мақомоти Туркия мегӯянд, ки қаламрави ҳавоии Сурияро нақз накардаанд. Айни замон 5 ҳазор пулиси зиддитерористии Туркия бештар аз 100 маҳалро дар Истанбул, барои пайдо кардани ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ва тундравони курд ҷустӯҷу кардаанд. Рӯзе пеш аз амалиёти ҳавоӣ дар Сурия, Туркия ба Амрико иҷоза дод, ки фурудгоҳи низомии Инҷирликро барои ҳамла ба гурӯҳи Давлати исломӣ истифода барад. Қабл аз ин дар як даргирии байнимарзӣ миёни ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ва марзбонони турк, як сарҳадбони Туркия кушта шуд. Аввалин ҳамин ҳафта як бомбгузори маргталаб, ки аз тарафдорони гурӯҳи Давлати исломӣ будааст, 32 нафарро дар як минтақаи наздимарзии Туркия кушт.

XS
SM
MD
LG