Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумита: Ҳеч кас аз ҳоҷиён пули иловагӣ намегирад


Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гуфтааст, ҳеч кас ҳақ надорад, аз зоирони Хонаи Худо барои кумак ба осебдидагони сел дар ноҳияҳои кишвар пул биситонад. Ин ниҳод 24 июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, аз ин рӯ баъзе хабарҳо дар бораи ин ки гӯё аз зоирон барои ёрӣ ба осебдидагон пул гирифта мешавад, асос надорад. Ба қавли масъулони ин ниҳод, “аз ҷониби Кумита ба шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин маврид дастуре дода нашудааст.” Инчунин аз ҳамаи зоирони имсолаи Ҳаҷ дархост шудааст, агар дар ин бора савол ё нофаҳмие вуҷуд дорад, бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо телефони 223-12-58 дар тамос шаванд.

XS
SM
MD
LG