Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳолии Тоҷикистон қариб ба 8.5 миллион нафар расидааст


Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки аҳолии Тоҷикистон қариб ба ҳаштуним миллион нафар расидааст. Гулнора Ҳасанзода -- раиси Оҷонсии омор рӯзи 24 июл гуфт, ба ҳитсоби то ин дами онҳо аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 439 ҳазору 700 нафар будааст. Ӯ гуфт, ки ин рақамро дар асоси маълумоти тавалудхонаҳои саросари кишвар таҳия кардаанд. Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон афзуд, ҳоло мақомоти дахлдор омодагӣ мебинанд, ки дар соли 2020 шумориши саросарии аҳолии кишварро анҷом диҳанд. Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши ду соли пешаш гуфта буд, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2050 ба бештар аз 15 миллион нафар хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG