Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба гузоришҳо, дар ҳамлае дар Туркия як афсари пулис кушта ва як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Мақомоти амниятӣ ва шифохона мегӯянд, ки ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифтааст, ки кормандони пулис 23 июл дар сари роҳ дар шаҳри Диёрбоқир мошинҳоро тафтиш мекарданд.

Як рӯз пеш 2 афсари пулис дар ҳамлае дар Ҷейлопинар дар наздикии марз бо Сурия ба қатл расиданд. Масъулияти ин ҳамларо бахши низомии Ҳизби Коргарии Курдистон бар дӯш гирифт.

Ин гурӯҳ мегӯяд, ҳамлаи мазкур гирифтани қасос барои куштори 32 нафар дар ҳамлаи интиҳории 20 июл дар шаҳри Суриҷ мебошад.

XS
SM
MD
LG