Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 293 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият накардаанд. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 23 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “дар муддати шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз 1252 корхонаи саноатӣ, 661 корхона, яъне 52,8 дарсад суръати афзоишро нисбати моҳҳои ҳамин давраи соли гузашта таъмин карда, аммо 298 корхона, яъне 23,8 дарсад суръати афзоишро таъмин накардаанд.”

Аммо ба таъкиди ҷаноби Бобозода, дар ин муддат 293 корхона, яъне 23, 4 дарсад умуман фаъолият накардаанд. Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои навин, сабаби фаъолият накардани ин корхонаҳо, қабл аз ҳама ба мушкилоти молӣ, набуди ашёи хом ва муфлисшавӣ ва дигар омилҳо марбут мегирад. Аммо ба таъкиди Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои навин корхонаҳои “Тоҷиказот” ва "Тоҷикатлас" бо ҷалби ширкатҳои чинӣ ва маҳаллӣ дубора фаъол карда мешаванд.

Вазири саноат ва технологияи навин афзуд, ки дастранҷи пиллапарварони тоҷик дар корхонаи "Тоҷикатлас" коркард хоҳад шуд ва ҳамин тавр ширкатҳои чинӣ корхонаи "Тоҷиказот"-ро дубора фаъол хоҳанд кард.

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон дар як ҳалнома 23-юми июни соли 2014 корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш аз соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш аз ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш аз соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд, ба моликияти давлатӣ ворид кард.

Амммо корхонаи "Тоҷикатлас" ба раҳбари зиндонии созмони "Тоҷикистон нав" Зайд Саидов тааллуқ дошт, ки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳоло бар асоси даъвои як шаҳрванди Ветнам алайҳи ин соҳибкор айби навбатӣ эълон кардааст. Зайд Саидов иттиҳоми даст доштанаш дар ғасби “Тоҷикатлас”-ро радд карда ва мегӯяд, ин ҳама таъқибу боздошти ӯ ба азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли 2013 аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ин ҳизби марказгаро хабар дод, вале дар моҳи майи ҳамон сол, вақте аз сафари Аврупо бармегашт, дар фурудгоҳ боздошт шуд. Додгоҳи олӣ ӯро моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум кард.

Зимнан ба гузориши вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон, ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маблағи 5 миллиарду 415, 5 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 114, 2 дар сад баробар шуд. Афзоиш дар шаш моҳи соли ҷорӣ 860 миллион сомониро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG