Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

17 соли зиндон барои талоши таҷовузи духтари 10 сола


Як шаҳрванди Узбакистон, ки аз вай ном бурда намешавад, барои талоши таҷовуз ба номуси духтари 10 сола дар вилояти Павлодари Қазоқистон 17 сол маҳкум ба зиндон шуд.

Гузашта аз ин, додгоҳи вилояти Павлодарвайро муваззаф кардааст, ки дар зиндон аз шаробхорӣ муолиҷа бигирад. Дар ин бора матбуот хабар додааст.

Бино ба маълумоти ҷамъоваришуда, моҳи маи соли гузашта ин мард духтари даҳсоларо барои анҷоми амали ҷинсӣ ба ҷое кашида бурдааст. Вале сокинони хонаи баландошёна дар Павлодар ин короро мушоҳида кардаанд ва баъд аз доду фарёди кӯдак ба кӯмаки вай шитофтаанд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, замоне ба кӯмаки духтари даҳсола расидаанд, ки алакай ин мард либосҳои вайро бароварда буд. Сокинон ба омадани пулис мунтазир нашуданд ва худашон ин мардро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG