Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдори пешин 7 сол маҳкум ба зиндон шуд


Мелис Мирзакматов ҳангоми сӯҳбат

Мелис Мирзакматов ҳангоми сӯҳбат

Мелис Мирзакматов-шаҳрдори пешини Ӯш барои суистифода аз мақом 7 сол маҳкум ба зиндон шуд. Молу мулки вай мусодира мешавад. Дар ин бора додгоҳи шаҳри Ӯш хабар дод.

Мелис Мирзакматов аз соли 2009 то соли 2013 шаҳрдори Ӯш буд. Бар зидди Мирзакматов ва чанд нафар аз кормандони шаҳрдорӣ соли 2014 барои суистифода аз мақом ҳангоми сохтмони пули болои роҳ боз шуда буд. Тарҳи сохтмони ин пул аз лиҳози иқтисодӣ зараровар ва хисороти ворида аз он 500 ҳазор долларро ташкил додааст.

Ҳоло Мирзакматов дар хориҷ аз Қирғизистон ба сар мебарад ва вай баъд аз барканорӣ аз мақом ба зудӣ кишварро тарк кардааст. Вай мегӯяд, ки парвандааш ангезаи сиёсӣ дорад, то вайро барои ширкат дар интихоботи моҳи октябри соли ҷорӣ маҳрум кунанд.

XS
SM
MD
LG