Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Сангтӯда-1" аз Тоҷикистон $ 4,8 миллион қарздор аст


Ниругоҳи "Сангтӯда-1"

Ниругоҳи "Сангтӯда-1"

Ниругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”-и Русия дар Тоҷикистон аз ҷумлаи се муассисаи бузурги қарздор аз андоз ба шумор меравад. Вале қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” аз ин ниругоҳ 16 баробар бештар аз қарзи андоз будааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ниругоҳ хабар додааст.

Қарзи ниругоҳи “Сангтӯда-1” аз кумитаи андози Тоҷикистон 4,8 миллион доллар, вале қарзи Тоҷикистон аз “Сангтӯда-1”-и Русия 79,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Павел Лавров-сухангӯи ниругоҳ ба матбуот гуфтааст, ки ниругоҳ мехоҳад қарз аз андозро комилан пардохт кунад, вале агар “Барқи Тоҷик” қарзи худро ба ниругоҳ пардохт кунад.

Ниругоҳи “Сангтӯда-1” 15 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва тавоноии он 670 МВТ мебошад.

Тоҷикистон танҳо 25 дарсади саҳмияҳои ин ниругоҳро дар ихтиёр дорад. 75 дарсади дигари он дар ихтиёри ширкатҳои Русия мебошанд.

XS
SM
MD
LG