Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо нафарро аз маҳалли хатари селоб кӯчонданд


Садҳо нафар сокинони атрофи шаҳри Алмаато баъд аз лағзиши теппа ба ҷои дигар кӯч дода шуданд. Олудаи гилу об субҳи 23 июл ба ноҳияи Наврузбой сарозер шуд. Сабаби он гармои зиёди чанд рӯзи ахир ва якбора об шудани якҳои кӯҳистони наздик будааст.

Об аз кӯл саршор ва вориди рӯдхонаи Қарғалӣ шудааст. Маҷрои бузург дар сари роҳ даҳҳо хонаро хароб кардааст.

Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш дода намешавад. Обанборе, ки об дар он ҷамъ мешуд, ҳоло 30 ҳазор метри муккааб обу гил дорад. Бими он меравад, ки ин кӯл канда шавад.

Шаҳрдории Алмаато вазъи фавқулодда эълон кардааст ва ҳудуди 2 ҳазор нафар коргарони наҷотро бо чархболҳо ба минтақа фиристодааст, то вазъро зери назорат дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG